Савол № 01194

1. Оё дар моҳи Рамазон рӯза аз бемориҳои қанд ва гемаррой соқит мешавад? 2. Дар муҳоҷират раиси коргоҳ ғайри дин аст, кор вазнин, оё хӯрдани рӯза мумкин аст? 3. Оё укол рӯзаро мешиканад?

Савол:

1. Оё дар моҳи Рамазон рӯза аз бемориҳои қанд ва гемаррой соқит мешавад? 2. Дар муҳоҷират раиси коргоҳ ғайри дин аст, кор вазнин, оё хӯрдани рӯза мумкин аст? 3. Оё укол рӯзаро мешиканад?

Саволдиҳанда: Ато

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, шариат барои ашхоси бемор хӯрдани рӯзаро иҷозат додааст, пасон дар вақти дигар ва замони муносиб қазои онро ба ҷо меоранд. 2. Агар аз тарафи коргоҳ ягон тахфиф ва осонӣ барои коргарон сурат нагирад, ин ҳолат барои шумо узр ҳисобида мешавад, метавонед рӯзаро бихӯред ва дар вақти дигар қазои онро ба ҷо оваред. 3. Дар шикастани укол байни донишмандон ихтилофи назар аст, беҳтар ин аст, ки онро шабона анҷом диҳед.  

2017-06-07
3975
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43