Савол № 01195

Падаре, ки аз яксолагии писар ҷудо зиндагӣ карда, баъд аз 25 сол омада, “ман падари туам ва мехоҳам меросамро ба ту гузорам, то кӯдакони зани дигарамро соҳибӣ кунӣ, вагарна ман ба ту до наме...

Савол:

Ассалому алайкум. Падаре, ки аз яксолагии писар ҷудо зиндагӣ карда, баъд аз 25 сол омада, “ман падари туам ва мехоҳам меросамро ба ту гузорам, то кӯдакони зани дигарамро соҳибӣ кунӣ, вагарна ман ба ту до намедиҳам, ту бе дуои ман ҳеҷ ҳастӣ” гуфтанд, аммо ман таклифашонро қабул накардам. Падаре, ки то синни бузург шудани фарзанд ҳуқуқи дар зимма доштаашро иҷро накардааст, ҳақ дорад чунин сухан гӯяд ё дуо кунад? Шумо чӣ фикр доред?

Саволдиҳанда: Шаҳром

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, албатта чунин падар ҳаққи фарзандашро иҷро накардааст, лекин хушнудии Аллоҳ дар он аст, ки фарзанд ӯро бибахшад ва суханашро қабул кунад. Фарзанд ҳаққи сарзаниши падарро надорад ва он хатое, ки падар дар зиндагӣ содир кардааст, набояд фарзанд низ чунин хато кунад. Ҳаққи падар бисёр бузург аст, аз ин рӯ, бояд ӯро хушнуд созад ва дуои некашро бигирад. Бисёр касон ҳастанд, ки мехоҳанд дуои неки падарро бигиранд, аммо наметавонанд. Бинобар ин, набояд ин фурсатро аз даст дод. Худованд тавфиқро рафиқ гардонад.

2017-06-07
3847
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:19
Шом17:17
Хуфтан18:47