Савол № 01196

Пас аз намози аср хондани намози қазоӣ ё нафл ҷоиз аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Пас аз намози аср хондани намози қазоӣ ё нафл ҷоиз аст ё на?

Саволдиҳанда: Рукниддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз намози аср, инчунин пас аз дамидани субҳ то тулуъи офтоб гузоридани намози нафл макрӯҳ аст, аммо гузоридани намози қазоӣ дуруст аст. 

2017-06-07
4210
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:56
Пешин12:40
Аср16:42
Шом18:48
Хуфтан20:18