Савол № 00120

Чаро бояд закот диҳем?

Савол:

Чаро бояд закот диҳем?

Ҷавоб:

Адои закот имон ва ахлоқи инсонро некӯ ва комил месозад, зеро он амали солеҳ аст. Адокунандаи закот аз ҷумлаи саховатмандон аст. Худованд ба Пайғамбар (с) фоидаҳои закотро дар Қуръони карим хабар дода мефармояд:

«Аз амволашон закот бигир, то ба он онҳоро пок созию бобаракат кунӣ; ва бар онҳо дуои хайр кун. Ба дурустӣ ки дуои ту барои онҳо сабаби оромиш аст. Ва Худо Шунавои Доно аст». («Бақара»; 103).

Закот яке аз рукнҳои асосии Ислом мебошад, барои адокунандаи закот Худованд кафили нигаҳбонии сарваташ мебошад.

2015-06-22
4420
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44