Савол № 01203
Аз чӣ сабаб дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза бояд дошт? Мегӯянд, ки ҷумъа рӯзи вазнин аст, оё ҳамин тавр аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Аз чӣ сабаб дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза бояд дошт? Мегӯянд, ки ҷумъа рӯзи вазнин аст, оё ҳамин тавр аст?
Саволдиҳанда: Хуршед
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рӯза доштан дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе хуб аст, зеро Расули Худо (с) гоҳо дар ин рӯзҳо рӯза медоштанд, аммо фақат дар рӯзи ҷумъа рӯза доштан макрӯҳ аст, агар рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа ё ҷумъа ва шанбе рӯза дорад, дуруст аст ва боиси аҷру подош мегардад. Он чи мегӯянд, ки ҷумъа рӯзи вазнин аст, ҳеҷ асоси шаръӣ надорад, балки рӯзи ҷумъа беҳтарин рӯзҳои ҳафта аст.