Савол № 00121

Касоне, ки закот намепардозанд, чӣ ҷазое доранд?

Савол:

Касоне, ки закот намепардозанд, чӣ ҷазое доранд?

Ҷавоб:

Касоне, ки молашон ба нисоб (миқдори муайяннамудаи шариат) расида, вале закотро адо намекунанд, ба азоби Худо гирифтор мешаванд. Чунончи Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

“Ва ононро, ки зару нуқраро захира мекунанд ва онро дар роҳи Худо харҷ наменамоянд (закот намедиҳанд), ба азоби дарднок башорат деҳ –

ба рӯзе, ки бар он (мол) оташи дӯзах гарм карда шавад (дамида шавад), пас, пешонию паҳлӯву пушти онҳо бо он доғ карда шавад; (гуфта шавад:) ин аст он чи, ки барои худ захира ниҳодед. Пас, он чиро, ки захира мекардед, бичашед!”. (“Тавба”; 34-35).

2015-06-22
4664
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44