Савол № 01220

Оё номҳои Самир ва Самиъ номҳои исломӣ ҳастанд?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё номҳои Самир ва Самиъ номҳои исломӣ ҳастанд?

Саволдиҳанда: Зикруллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номҳои Самир ва Самиъ номҳои исломӣ ҳастанд. Самир ба маънои хушгуфтор, мӯнис ва сухангӯи шаб аст, Самиъ ба маънои бисёр шунаво ва яке аз номҳои Худованд мебошад. Ҳар номе, ки маънояш ба усули шариат мухолиф набошад, гузоштани он ном дуруст аст.

2017-06-09
3554
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:47
Пешин12:40
Аср16:04
Шом18:07
Хуфтан19:37