Савол № 01239

Оё дуруст аст, ки Рамазон яке аз номҳои Худост?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё дуруст аст, ки Рамазон яке аз номҳои Худост?

Саволдиҳанда: Шокир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, исмҳои Худованд тавқифӣ ҳастанд ва ба шунидани онҳо аз Қуръон ва аҳодиси Расули Худо (с) вобаста мебошанд. Дар мавриди аз ҷумлаи номҳои Худованд будани Рамазон ривояте аз соҳиби шариат бо тариқи саҳеҳ шунида нашудааст.

2017-06-12
2676
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39