Савол № 01240

Лутфан маънои номҳои Мавлон ва Фирӯзаро мегуфтед.

Савол:

Ассалому алайкум. Лутфан маънои номҳои Мавлон ва Фирӯзаро мегуфтед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Мавлон шакли ихтисоршудаи “мавлоно” аст, ки ба маънои соҳиб ва хоҷаи мо тарҷума мешавад. Дар гузашта ин унвонро барои поси эҳтиром ба бузургон ва донишмандон медоданд, чунончи Мавлонои Балхӣ ва Мавлоно Ҷомӣ мегӯянд. Дар фарҳанги номгузории тоҷикон ба шакли ихтисорёфта ҳамчун ном мустаъмал шудааст. Номи Фирӯза шакли арабишудаи “пирӯза” аст ба маънои санги осмониранги қиматӣ, ки ба сабаби зебоӣ ва гаронқимат буданаш духтаронро бо исми он номгузорӣ мекунанд.  

2017-06-12
3167
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39