Савол № 01244
Оё дар ягон ҳадисе омадааст, ки мусулмон бояд се дуо кунад? Оё муллоимом метавонад баъд аз фарз намози суннатро дар хона гузорад?
Савол:
Оё дар ягон ҳадисе омадааст, ки мусулмон бояд се дуо кунад? Оё муллоимом метавонад баъд аз фарз намози суннатро дар хона гузорад?
Саволдиҳанда: Абубакр
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, се бор дуо кардан дар аҳодиси Пайғомбар (с) ворид шудааст ва он як амали мустаҳаб ба шумор меравад. Барои имом беҳтар аст, ки суннатро дар масҷид гузорад ва бо мардум дуо кунад, ин урфи қабулшудаи минтақа мебошад.