Савол № 01247

Аз рӯи тақвим вақти рӯза кушодан соати 19:54 нишон дода шудааст, мо дар шаҳри Кӯлоб дар ин вақт намози шом хонем ё рӯзаро кушоем? Бисёриҳо 7-8 дақиқа пеш соати 19:44 ё 19:43 рӯзаро мекушоянд, оё ин амал дуруст аст? Рӯзаро аз рӯи вақти тақвим кушоем ё аз рӯи вақте ки дар масҷид нишон дода шудааст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз рӯи тақвим вақти рӯза кушодан соати 19:54 нишон дода шудааст, мо дар шаҳри Кӯлоб дар ин вақт намози шом хонем ё рӯзаро кушоем? Бисёриҳо 7-8 дақиқа пеш соати 19:44 ё 19:43 рӯзаро мекушоянд, оё ин амал дуруст аст? Рӯзаро аз рӯи вақти тақвим кушоем ё аз рӯи вақте ки дар масҷид нишон дода шудааст? Кадом вақт азон додан лозим аст, то ки мардум рӯзаашонро кушоянд? Дар ҷои мо азон дода мешавад ва пас аз андак вақти намоз шуруъ мешавад.

Саволдиҳанда: Манучеҳр

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар тақвим вақти ҳар як шаҳру ноҳия навишта шудааст, бояд аз рӯи тақвим амал намуд. Рӯза ибодат аст, фарди оқил ибодати худро дар охирин лаҳзаи он табоҳ намекунад. Шумо бояд дар вақти нишондодаи тақвими расмӣ азон дода каме тановул кунед, то ки нафс ором гирад, сипас ба намоз шуруъ намоед.   

2017-06-12
4346
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43