Савол № 01249

Агар намоз қазо шуда бошад, метавонем, ки дар мобайни рӯз бихонем ё намозҳои қазо танҳо баъд аз намози шом бояд хонда шавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар намоз қазо шуда бошад, метавонем, ки дар мобайни рӯз бихонем ё намозҳои қазо танҳо баъд аз намози шом бояд хонда шавад?

Саволдиҳанда: Муҳаммадҷовид

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, қазо доштани намоз ба намози шом ягон робитае надорад, ҳатто метавонед, ки дар байни асру шом намози қазоиятонро бихонед, дар давоми рӯз ҳам хондани намози қазоӣ дуруст аст. Намози қазоӣ бояд ҳарчи зудтар хонда шавад.

2017-06-12
3739
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54