Савол № 01250

Ҳукми талоқ чист? Зане, ки се талоқ шудааст, оё метавонад бе издивоҷ ғайр бо шавҳараш никоҳ карда зиндагӣ кунад? Шунидам, ки зану шавҳарро ба мазҳаби дигар гузаронида никоҳ мекунанд, боз ба мазҳаби ҳанафӣ бармегардонанд.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Ҳукми талоқ чист? Зане, ки се талоқ шудааст, оё метавонад бе издивоҷ ғайр бо шавҳараш никоҳ карда зиндагӣ кунад? Шунидам, ки зану шавҳарро ба мазҳаби дигар гузаронида никоҳ мекунанд, боз ба мазҳаби ҳанафӣ бармегардонанд. Оё ин шунидаам дуруст аст?

Саволдиҳанда: Ҷомӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, зане, ки се талоқ шуда бошад, аз нигоҳи чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат то шавҳари дигар накунад ва байнашон муносибати маҳрамона сурат нагирад, барои шавҳари аввалаш ҳалол намешавад. Барои ҳалли ин масъала ба мазҳаби дигар гузаштан дуруст нест.

2017-06-13
4575
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:19
Шом17:17
Хуфтан18:47