Савол № 01253

Агар аз дандони шахси рӯзадор хун ҷорӣ шавад, рӯзааш мешиканад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Агар аз дандони шахси рӯзадор хун ҷорӣ шавад, рӯзааш мешиканад? Агар илоҷаш бошад, пурратар фаҳмонед. Ташаккур.

Саволдиҳанда: Заробуддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ба сабаби ҷорӣ шудани хун аз дандон рӯза намешиканад, модоме ки бо оби даҳон ба ҳалқаш фурӯ наравад, агар хун аз оби даҳон бештар буда ба ҳалқаш фурӯ равад ва маззаи онро фаҳмад, рӯзааш  фосид мешавад, бояд  қазои  онро  ба  ҷо  оварад, вале  агар  хун ғолиб набошад ва маззаи онро низ эҳсос накунад, рӯзааш фосид намегардад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 37; “Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 274)  

2017-06-13
4415
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42