Савол № 01261

Мо нофаҳмида то соати 03:55 саҳархӯрӣ кардем, яъне хоболудона ба соат нигаристам, гумон кардам, ки соат 02:55 аст, пас аз хӯрдан дидам, ки соат қариб чор шудааст. Мо бояд чӣ кор кунем?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Мо нофаҳмида то соати 03:55 саҳархӯрӣ кардем, яъне хоболудона ба соат нигаристам, гумон кардам, ки соат 02:55 аст, пас аз хӯрдан дидам, ки соат қариб чор шудааст. Мо бояд чӣ кор кунем?

Саволдиҳанда: Муҳйиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин ҳолат шумо фақат рӯзаи як рӯзро қазо медоред, зеро ба гумони ин, ки ҳанӯз субҳ надамидааст, саҳархӯрӣ намудаед, шумо ин амалро қасдан накардаед. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 37)

2017-06-14
4267
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43