Савол № 01273

Лутфан ҳамаи он дуоҳоеро, ки инсон ба гуфтани онҳо дар ҳама ҳолат ниёз дорад, баён мекардед. Масалан, дуои ба масҷид даромадану баромадан, дуои шустани дастҳо пеш аз хӯрок ва пас аз он, дуои аз хона баромадану ба он даромадан, дуои...

Савол:

Ассалому алайкум. Лутфан ҳамаи он дуоҳоеро, ки инсон ба гуфтани онҳо дар ҳама ҳолат ниёз дорад, баён мекардед. Масалан, дуои ба масҷид даромадану баромадан, дуои шустани дастҳо пеш аз хӯрок ва пас аз он, дуои аз хона баромадану ба он даромадан, дуои атса, дуои ба ҳоҷатхона даромадан ва аз он баромадан ва ғайра, ки гуфтанашон савоб дорад.

Саволдиҳанда: Хайруллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар суннати набавӣ барои ҳар як ҳолат, рӯйдод ё ҳодисае, ки инсон ба он рӯ ба рӯ мешавад, дуоҳои хос ворид шудааст. Дар ин ҷо бархе аз ин дуоҳоро мухтасаран баён мекунем.

Дуои шустани дастҳо: Аллоҳумма иннӣ асъалукал-юмна вал-бараката ва аъузу бика минаш-шуъми вал-ҳалака. Тарҷума: Худоё, ман аз Ту хайру баракат масъалат дорам ва ба Ту аз шумӣ ва ҳалокат паноҳ мебарам.

Дуои баромадан аз хона: Бисмиллоҳи таваккалту алаллоҳи ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Тарҷума: Ба номи Худо, бар Худо таваккул кардам ва ҳеҷ қудрату тавоноие ба ҷуз аз тарафи Худо нест.

Дуои даромадан ба хона: Бисмиллоҳи валаҷно ва бисмиллоҳи хараҷно ва ъало Раббино таваккално. Тарҷума: Ба номи Худо дохил шудем ва ба номи Худо хориҷ шудем ва ба Парвардигорамон таваккул намудем.

Дуои атса: Атзананда “Алҳамду лиллоҳ” – “Ҳамду сано бар Худо” мегӯяд, шунаванда  “Ярҳамукаллоҳ” – “Худо туро раҳмат кунад” гуфта ҷавоб медиҳад, сипас атзананда дар посухи ӯ ин дуоро мегӯяд: “Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳу болакум” – Худованд шуморо ҳидоят кунад ва ҳолатонро неку гардонад.

Дуои даромадан ба масҷид: “Бисмиллоҳи вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ. Аллоҳуммафтаҳ лӣ абвоба раҳматика”. Тарҷума: Ба номи Худо, дуруду салом бар Расули Худо. Худоё, дарҳои раҳмататро ба рӯям бикушо.

Дуои баромадан аз масҷид: “Бисмиллоҳи вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ. Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика”. Тарҷума: Ба номи Худо, дуруду салом бар Расули Худо. Худоё, ман фазли Туро хосторам.

Барои огоҳии бештар аз тамоми дуоҳои шаборӯзӣ шумо метавонед аз бахши китобхонаи сомона китоби “Нақши дуо дар зиндагии инсон”-ро дастрас намуда аз он баҳравар шавед. 

2017-06-17
5222
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39