Савол № 01278

Агар пас аз саҳархӯрӣ нияти рӯза ва дар вақти рӯза кушодан дуои он фаромӯш шавад, рӯза қабул мешавад ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар пас аз саҳархӯрӣ нияти рӯза ва дар вақти рӯза кушодан дуои он фаромӯш шавад, рӯза қабул мешавад ё на?

Саволдиҳанда: Бародари исломӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, саҳархӯрӣ худ ният аст, зеро дар моҳи Рамазон ба мақсади рӯза гирифтан саҳархӯрӣ мекунанд. Ният ҳамон нияти қалбӣ аст, аммо он нияте, ки бо забон гуфта мешавад, мустаҳаб ва хуб аст. Фаромӯш шудани нияти лафзӣ боке надорад ва дар рӯза ягон халале ворид намекунад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 13)

2017-06-17
4932
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43