Савол № 01280

Ман дар Русия рӯзона кор мекунам ва рӯза ҳам медорам. Дар ин кишвар баъд аз як соат аз намози хуфтан вақти саҳархӯрӣ фаро мерасад. Аз сабаби кори рӯзона хаста мешавам ва ба саҳархӯрӣ бархоста наметавонам ва бе саҳархӯрӣ рӯза медорам. Оё дар рӯзаи ман халале ворид шудааст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ман дар Русия рӯзона кор мекунам ва рӯза ҳам медорам. Дар ин кишвар баъд аз як соат аз намози хуфтан вақти саҳархӯрӣ фаро мерасад. Аз сабаби кори рӯзона хаста мешавам ва ба саҳархӯрӣ бархоста наметавонам ва бе саҳархӯрӣ рӯза медорам. Оё дар рӯзаи ман халале ворид шудааст ё на?

Саволдиҳанда: Фаридун

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, саҳархӯрӣ суннат аст ва баракат дорад, шумо кӯшиш кунед, ки ҳадди ақал барои нӯшидани як ҷуръа об барои саҳархӯрӣ бархезед, агар наметавонед ва ё дар хоб мемонед, пас дар ин сурат рӯзаи шумо бидуни ҳеҷ халале дуруст мешавад.

2017-06-17
4186
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43