Савол № 01282

Оё тӯмор гардонидан мумкин аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё тӯмор гардонидан мумкин аст ё на?

Саволдиҳанда: Соҳиб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи уламои мазҳаби ҳанафӣ бо худ гирифтани тӯмор ҷоиз аст, ба шарте ки дар он оятҳои қуръонӣ ё дуоҳои маъсура навишта шуда бошад. Гирифтани тӯмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом ба баданашон бихонанд.

2017-06-17
3376
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:18
Пешин12:40
Аср17:58
Шом20:00
Хуфтан21:30