Савол № 01286
Бародарамро ҷарроҳӣ кардаанд ва якчанд сӯзандору ҳам гузарониданд, рӯзаашро бихӯрад ё на?
Савол:
Ассалому алайкум. Бародарамро ҷарроҳӣ кардаанд ва якчанд сӯзандору ҳам гузарониданд, рӯзаашро бихӯрад ё на?
Саволдиҳанда: Бобоҷон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шариат барои бемор рухсат додааст, ки рӯзаашро бихӯрад ва пас аз моҳи Рамазон ба адади рӯзҳои хӯрдааш қазои онро ба ҷо оварад. Аз ин рӯ, бародари шумо низ метавонад то шифо ёфтанаш рӯза нагирад. Худованд ба бародаратон шифои комил ато намояд.