Савол № 01308
Лутфан бигӯед, ки оё дар моҳи Рамазон истифодаи доруе, ки аз роҳи пас ворид мешавад, рӯзаро фосид мекунад?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аввалан барои суоли худ маъзарат мехоҳам. Лутфан бигӯед, ки оё дар моҳи Рамазон истифодаи доруе, ки аз роҳи пас ворид мешавад, рӯзаро фосид мекунад?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, доруе, ки аз роҳи пас вориди бадан мешавад, рӯзаро мешиканад. (“Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷ. 3, с. 1708)