Савол № 01316

Агар шахси рӯзадор дар хоб эҳтилом шавад, рӯзааш мешиканад? Шахси мазкур дар чунин ҳолат бояд чӣ корҳоро иҷро намояд?

Савол:

Дуруд ба аъзои Шӯро! Агар шахси рӯзадор дар хоб эҳтилом шавад, рӯзааш мешиканад? Шахси мазкур дар чунин ҳолат бояд чӣ корҳоро иҷро намояд? Қаблан бароятон сипоси беҳад хоҳонам.

Саволдиҳанда: Насриев

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, ба сабаби эҳтилом рӯза намешиканад ва дар он ягон халале ворид намешавад. Агар шахси рӯзадор рӯзона эҳтилом шавад, ғусл карда, рӯзаро идома медиҳад. Агар шабона ин ҳолат рух диҳад ва барои саҳархӯрӣ фурсати зиёд бошад, аввал ғусл мекунад, агар вақт танг аст ва фурсат барои ғусл набошад, дар ин ҳолат вузӯ карда, саҳархӯрӣ мекунад, сипас фавран ғусл месозад, то ки рӯзааш макрӯҳ нашавад.

2017-06-22
4652
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42