Савол № 00132

Зане, ки каффорати рӯзаашро мегирад, барои рӯзҳое, ки дар вақти ҳайз буданаш рӯза нагирифтааст, чӣ кор бояд кунад?

Савол:

Зане, ки каффорати рӯзаашро мегирад, барои рӯзҳое, ки дар вақти ҳайз буданаш рӯза нагирифтааст, чӣ кор бояд кунад?

Ҷавоб:

Чунонки маълум аст, рӯзаи каффоратро бояд пай дар пай гирифт. Албатта зане, ки дар ин миён ҳайз дид, то пок шуданаш аз идомаи рӯза худдорӣ мекунад ва ин ба каффорати ӯ халале ворид намекунад. Пас аз пок шудан ӯ метавонад, ки рӯзаи каффораташро идома дода ба поён расонад. Аммо агар дар аснои адои рӯзаи каффорат нифос шавад, рӯзаи каффорати ӯ бекор мешавад, яъне баъд аз тамом шудани давраи нифос рӯзаи каффораташро бояд аз сари нав оғоз кунад ва ба поён расонад.

2015-06-22
4488
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44