Савол № 01327

Хобе дидам, ки дар ҳавлии хонаамон мори хурде даромадаст, ман нияти куштани ин мор доштам, ки аз болои ин мор ду гове мегузарад ва дар вақти гузаштан морро зер мекунад ва ин мор калону чунон дароз шуда аз байн канда-канда мешавад. Ин чӣ таъбир дорад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Хобе дидам, ки дар ҳавлии хонаамон мори хурде даромадаст, ман нияти куштани ин мор доштам, ки аз болои ин мор ду гове мегузарад ва дар вақти гузаштан морро зер мекунад ва ин мор калону чунон дароз шуда аз байн канда-канда мешавад. Ин чӣ таъбир дорад? Ман ҳамин хел хобҳои аҷиб бисёр мебинам, аз назари Ислом ин хуб аст ё бад. Дини Ислом дар бораи хоб дидан чӣ мегӯяд? Миннатдорам.

Саволдиҳанда: Ҷомӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб эҳтимоли рост ва дурӯғро дорад ва инсон хобҳои гуногун мебинад. Хоби дидаи шумо иншоаллоҳ хайр аст. Фарди мусулмон ҳар гоҳе хоб мебинад, бояд ба ояндаи худ некбин бошад. Агар тавоноӣ дошта бошад, ба қадри тоқаташ ба муҳтоҷону ниёзмандон садақа кунад ё ин ки намози нофила гузорад ва аз Худованд барои худ ва хонаводааш хайру офият талаб намояд. 

2017-07-01
3549
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39