Савол № 01328
Завҷаам каме бемори васвос дорад, бисёр ба об сару кор дорад ва мегиряд, ҳамеша талоқ талаб мекунад. Ин бор боз талоқ талаб намуд, вале ман сабр кардам ва ҷавобе надодам. Ду бор пайи ҳам “пирхари беномус талоқамро деҳ” гуфт. Ман дар ҳолати асабонӣ “пирхар гуфтӣ, талоқ шудӣ” гуфтам. Посухи масъалаи мо чӣ мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум. Завҷаам каме бемори васвос дорад, бисёр ба об сару кор дорад ва мегиряд, ҳамеша талоқ талаб мекунад. Ин бор боз талоқ талаб намуд, вале ман сабр кардам ва ҷавобе надодам. Ду бор пайи ҳам “пирхари беномус талоқамро деҳ” гуфт. Ман дар ҳолати асабонӣ “пирхар гуфтӣ, талоқ шудӣ” гуфтам. Посухи масъалаи мо чӣ мешавад?
Саволдиҳанда: Шамсиддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар масъалаи мазкур ҳамсари шумо як талоқи раҷъӣ шудааст, шумо метавонед ба ӯ руҷуъ намуда зиндагиатонро идома диҳед. Беҳтар аст, ки таҷдиди никоҳ кунед, вале дигар ин суханро ба забон наоред.