Савол № 00133

Оё мумкин аст, ки саҳар нахеста хӯроке истеъмол накарда, инчунин ният накарда, вале ба нияти рӯза хоб карда рӯза дорӣ?

Савол:

Салом Рахмати Худованд ба Шумо, ки ба саволхои сершумори мо чавоб медихед.Оё мумкин аст, ки саҳар нахеста хӯроке истеъмол накарда, инчунин ният накарда, вале ба нияти рӯза хоб карда рӯза дорӣ?

Ҷавоб:

Агар шахсе аз шаб ният кард, ки ман субҳ рӯза мегирам, вале саҳархӯрӣ накард, пас нияти шабонаи ӯ барои рӯзаи гирифтааш кофӣ аст. Лекин пеш аз субҳ бархостан ва чизе хӯрдан фазилати зиёде дорад, зеро саҳархӯрӣ аз суннатҳои Пайғамбар (с) аст. Агарчи иштиҳои хӯрдан ҳам надошта бошад, бояд чанд дона хурмо бихӯрад ва ё қадре об бинӯшад, то ки савоби саҳархӯриро дарёбад. Расули Худо (с) мефармояд: “Агар бо ҷуръаи обе ҳам бошад, саҳархӯрӣ кунед”. (Ривояти Ибни Ҳиббон).

2015-06-25
4796
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39