Савол № 01332
Маънои номи Фаррух чиро мефаҳмонад? Оё ин ном исломӣ аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Маънои номи Фаррух чиро мефаҳмонад? Оё ин ном исломӣ аст? Баъзе домуллоҳо мегӯянд шахсе, ки номаш маъно надорад, фардо рӯзи қиёмат бо гурӯҳи беномон сар мебардорад ва бисёр дар хиҷолат мемонад.
Саволдиҳанда: Меҳроб
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, номи Фаррух ба маънои муборак ва зебочеҳра мебошад ва аз нигоҳи шариат комилан дуруст аст. Албатта номи инсон бояд бомаъно ва ба усул ва аҳкоми шариат мутобиқ бошад. Расули Худо (с) номҳои қабеҳро тағйир медоданд ва ба гузоштани номҳои зебо тавсия мефармуданд. Соҳиби номи зишт ва қабеҳ ҳатто дар ин дунё аз он дар хиҷолат аст. Волидайнро зарур аст, ки ба фарзандонашон номҳои зебо гузоранд, то ки онҳо дар оянда шармсор ва хиҷолатзада нашаванд.