Савол № 01336
Моддаи 170 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ...
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Моддаи 170 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст, - бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешниҳод мешавад. Лутфан бигӯед, ки дини мубини Ислом оид ба пардохти алимент барои фразандони ноболиғ ё ғайри қобили меҳнат чӣ мефармояд? Имкон бошад, нафаре, ки ҷавоб мегардонад, ному вазифаи худро низ нависад. Қаблан барои ҳамкории судмандатон ба аҳли ҷомеа сипос мегӯям.
Саволдиҳанда: Шариф
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи дини мубини Ислом пардохти алимент дар зиммаи падар воҷиб аст, чунки нафақаи фарзандони хурдсол бар падар воҷиб аст. Модару бибӣ то замоне ҳаққи парастории писарбачаро доранд, ки хӯрдану ошомидан, либос пӯшидан ва ба қазои ҳоҷат рафтан бе кӯмаки касе аз дасташ биёяд. Духтарро бошад, то синни балоғат расидан парасторӣ намоянд, он гоҳ онҳо бояд ба падар баргардонида шаванд. Зани талоқгашта наметавонад кӯдакро аз он шаҳре, ки падари кӯдак дар он ба сар мебарад, берун барорад, ба ҷуз он ҷое, ки ақди никоҳ қаблан дар он баргузор гардида буд. Дар таъмини нафақа вазъи маишӣ -иҷтимоии зану шавҳар дар назар дошта мешавад. Масалан, вақте зану шавҳар ҳар ду сарватманд бошанд, нафақаи сарватмандона бар мард лозим мегардад ва дар сурати фақиру бенаво будани ҳар ду нафақаи фақирона ва муносиб ба ҳолашон ва агар зан бенаво ва мард сарватманд бошад, нафақаи миёнаҳолона воҷиб мебошад. Қуръони карим дар ин бора мефармояд:
«(Одами кушодаҳол ва) доранда бояд бо кушодадастӣ (дар нафақаи ҳамсараш) инфоқ намояд ва касе (дари) ризқ бар вай танг гардидааст, пас бояд аз он чи Худо ба ӯ додааст, инфоқ намояд. Худо аз касе, ба ҷуз он чӣ ба ӯ додааст, талаб наменамояд…». (Сураи “Талоқ”, ояти 7).a