Савол № 01339

Шавҳарам ҳангоми ҷанҷоли оилавӣ ба ман се талоқ гуфт, он замон дар батнам фарзанд буд ва ягон шоҳид ҳузур надошт. Ман рафтанӣ будам, вале шавҳарам гуфт, ки бе шоҳид талоқ ҳисоб нест ва ба сабаби ҳомила буданам ҳам талоқ воқеъ намешавад. Ду сол аст, ки

Савол:

Ассалому алайкум. Шавҳарам ҳангоми ҷанҷоли оилавӣ ба ман се талоқ гуфт, он замон дар батнам фарзанд буд ва ягон шоҳид ҳузур надошт. Ман рафтанӣ будам, вале шавҳарам гуфт, ки бе шоҳид талоқ ҳисоб нест ва ба сабаби ҳомила буданам ҳам талоқ воқеъ намешавад. Ду сол аст, ки пас аз ин ҳодиса зиндагӣ дорем, вале дили ман ҳамеша дар изтироб аст, ки мабодо фикри шавҳарам иштибоҳ бошад.

Саволдиҳанда: Маҳинбону

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, агар марде ҳамсарашро се талоқ кунад, аз нигоҳи чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ҳамсараш се талоқ мешавад. Аз сабаби он ки масъалаи талоқ асрори зиёд ва паҳлуҳои гуногун ва тафсилталаб дорад, беҳтар мебуд, ки шумо бо шавҳаратон дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат мекардед.

2017-07-06
3955
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45