Савол № 01359

Дар ояти 52-уми сураи “Ёсин” аломати сакта ва вақф якҷоя омадааст. Ҳукми сакта баланд аст ё вақф?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар ояти 52-уми сураи “Ёсин” аломати сакта ва вақф якҷоя омадааст. Ҳукми сакта баланд аст ё вақф?

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ояти мазкур ҳам сакта ва ҳам вақф дуруст аст, аммо вақф кардан авло аст, зеро рамзи мазкур маънои “ал-вақфу авло” - “вақф кардан авло аст”-ро ифода мекунад. Дар ҳолати сакта макс (пауза)-и кӯтоҳе сурат гирифта, сипас ба тиловат идома дода мешавад, аммо дар ҳолати вақф тиловатро қатъ карда, сипас бо нафаси нав онро идома медиҳад.

2017-07-10
2762
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:31
Шом17:28
Хуфтан18:58