Савол № 01360
Оё дар вақтҳои зарурӣ тиловати сураҳои Қуръони бидуни таҳорат ҷоиз аст? Оё ҳангоми гузаштан аз назди оромгоҳҳо омин кардан дуруст аст ё на?
Савол:
Оё дар вақтҳои зарурӣ тиловати сураҳои Қуръони бидуни таҳорат ҷоиз аст? Оё ҳангоми гузаштан аз назди оромгоҳҳо омин кардан дуруст аст ё на?
Саволдиҳанда: Маҳмудҷон
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, тиловати сураҳои Қуръон аз ҳифз бидуни таҳорат ҷоиз буда, хондани он бо таҳорат хубтар аст, аммо бе таҳорат даст расонидан ба Қуръон дуруст нест. Ҳангоми гузаштан аз назди оромгоҳҳо дуо кардан дар ҳаққи гузаштагон хуб аст, зеро рӯҳи аҳли қабристон аз дуои зиндагон шод мешавад ва дуо дар ҳаққи онҳо фоида дорад.