Савол № 01361

Оё закот танҳо дар моҳи Рамазон дода мешавад?. Ривояте шунидам, ки рӯзаи моҳи Рамазон ба сабаби итоат накардани нафс фарз шудааст.

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Оё закот танҳо дар моҳи Рамазон дода мешавад? 2. Ривояте шунидам, ки рӯзаи моҳи Рамазон ба сабаби итоат накардани нафс фарз шудааст. Хоҳишмандам ин ривоятро тавзеҳ медодед.

Саволдиҳанда: Карим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар моҳи рамазон додани закот шарт нест, балки дар ҳар моҳе, ки як соли қамарӣ аз нисоб сипарӣ шавад, дар ҳамон моҳ адои закот лозим мегардад. Аз сабаби он ки дар моҳи Рамазон анҷоми ҳар амале савоби бисёр дорад, маъмулан закотро дар ин моҳ медиҳанд. 2. Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз аркони панҷгонаи Ислом аст ва он бо Қуръон, суннат ва иҷмои уммат собит шудааст. Ҳадафи асосии фарз шудани рӯза ин аст, ки хислати парҳезгорӣ ва поку нек зистанро дар  инсон  тақвият  медиҳад ва муҳимтарин  ҳадафи ибодатҳои илоҳӣ низ ҳамин мебошад.

2017-07-10
4230
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43