Савол № 01371

Маънои номи Дониёр чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Маънои номи Дониёр чист?

Саволдиҳанда: Дониёр

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин ном дар асл Дониёл аст ва ба шакли Дониёр талаффуз кардан ва навиштани он хато мебошад. Дониёл номи пайғомбаре аз Банӣ Исроил аст, ки дар замони Бухтассар зиндагӣ кардааст ва аз ӯ дар боби таъбири хоб ривоятҳо мавҷуд аст. Маънои номи Дониёл “Худо ҳокими ман аст” ё “ҳукм аз они Худо аст” мебошад.

2017-07-11
4883
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39