Савол № 01373

Шохи дарахти мевадиҳанда, ки тарафи хонаи ҳамсоя рафтааст, аз нигоҳи Ислом меваи он ба кӣ тааллуқ дорад? Дар бораи фазилати ҳамсоядорӣ кӯтоҳ шарҳ медодед.

Савол:

Ассалому алайкум бобои домулло. Шохи дарахти мевадиҳанда, ки тарафи хонаи ҳамсоя рафтааст, аз нигоҳи Ислом меваи он ба кӣ тааллуқ дорад? Дар бораи фазилати ҳамсоядорӣ кӯтоҳ шарҳ медодед.

Саволдиҳанда: Ҳалим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, решаи дарахт дар куҷое бошад, соҳиби дарахт ҳамон шахс аст, фарқ надорад, ки шохи он дар куҷо қарор дорад. Агар меваи он дарахт ба зудӣ табоҳ шавад, баъд аз афтоданаш метавонад онро истифода намояд, вале агар ба зудӣ табоҳ нашавад, ба мисли чормағз ва ғайра, барои тановул намудани он иҷозати соҳибаш зарур аст. Бояд тазаккур дод, ки ҳаққи ҳамсоядорӣ ба ҳаққи падару модар баробар аст. Ҳамсоя се гуна аст: Якум ҳамсояе, ки як ҳақ дорад ва он ҳамсояи ғайри дин аст, ки фақат ҳаққи ҳамсоягӣ дорад. Дуюм ҳамсояе, ки ду ҳақ дорад ва он ҳамсояи мусулмон аст, ки ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳаққи мусулмонӣ дорад. Сеюм ҳамсояе, ки се ҳақ дорад ва он ҳамсояи хешованд аст, ки ҳаққи мусулмонӣ, ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳаққи хешовандӣ дорад. (“Риёзун-носиҳин”, с. 239-240) 

2017-07-11
3335
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39