Савол № 01377
Агар дар рӯзҳои махсуси афзал, масалан шаш рӯзи аввали Шаввол рӯзаи қазоӣ дорем, оё савоби фазилати ин рӯзҳоро низ дармеёбем?
Савол:
Агар дар рӯзҳои махсуси афзал, масалан шаш рӯзи аввали Шаввол рӯзаи қазоӣ дорем, оё савоби фазилати ин рӯзҳоро низ дармеёбем?
Саволдиҳанда: Содиқ
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, ин шаш рӯзе, ки ба нияти қазои моҳи Рамазон рӯза медоред, аз ҳамон қазоҳоятон ҳисоб мешавад. Агар дар бақияи рӯзҳои ин моҳ пай дар пай ё ҷудогона шаш рӯзи дигар рӯза бидоред, дар ин ҳолат шумо аҷру подоши моҳи Шавволро соҳиб хоҳед шуд.