Савол № 01384
Тартиби шустани майитро шарҳ диҳед.
Савол:
Тартиби шустани майитро шарҳ диҳед.
Саволдиҳанда: Сафаралӣ
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз равиши шустани майит чунин аст: Қабл аз ғусл тахти майит ба хотири эҳтироми ӯ бо васоили хушбӯ муаттар карда мешавад. Сипас майитро ба рӯи тахт ба пушт ва ё ҳар тариқе, ки барои ғассол (шӯянда) осонтар бошад,мениҳанд. Агар майит болиғ бошад, пеш аз ғусл ӯро вузӯ медиҳанд, вале кӯдаке, ки ба синни ақлу тамйиз нарасидааст, фақат ғусл дода мешавад. Вузӯ додани майит бе мазмаза (шустани даҳон) ва истиншоқ (шустани бинӣ) сурат мегирад, зеро дар дохил кардани об ба даҳону бинии майит ва хориҷ намудани он машаққат пеш меояд, ба ҳамин иллат мазмаза ва истиншоқ соқит мегардад. Кӯтоҳ кардани мӯи лаб ва гирифтани нохуни майит, тоза кардани мӯи зери бағал ва зери ноф ва шона кардани мӯи сару риши ӯ низ соқит мегардад, яъне ин амалҳо барои майит анҷом дода намешаванд.
Ғусли майитро аз тарафи росташ шуруъ мекунанд, зеро аз ҷониби рост оғоз кардан суннат аст. Тарафи рости майитро се бор об рехта мешӯянд, сипас ба ҷониби рост гардонида, тарафи чапашро низ се бор об рехта мешӯянд. Баъди шустани ду ҷониб майитро шинонда, нафаре ӯро такя мегирад, шикамашро бо нармӣ молиш медиҳад, агар чизе аз ӯ хориҷ шавад, онро мешӯянд, вале такроран ғусл намедиҳанд. Он гоҳ бадани майитро бо порчае хушк мекунанд.
Майит бо обе, ки дар он барги гиёҳи сидр ё ушнон андохта шудааст, шуста мешавад, агар чунин барги гиёҳ пайдо нашуд, ба оби софе, ки ба он гиёҳи хитмӣ (яъне ғармаш, ки гиёҳи хушбуй буда, ҳамчун собун дар пок сохтани аъзо ба кор бурда мешавад) омехта карда шудааст, ӯро ғусл медиҳанд.
Агар майит мард бошад, бояд мардҳо ӯро ғусл диҳанд, агар зан бошад, ӯро занҳо мешӯянд. Агар майит писарбачаи хурдсоли ноболиғ бошад, занҳо метавонанд, ки ӯро бишӯянд.