Савол № 01386

Дар ҳолати ҳайз салавот ё дуо гуфтан мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар ҳолати ҳайз салавот ё дуо гуфтан мумкин аст?

Саволдиҳанда: Оиша

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз,барои зане, ки дар ҳолати ҳайз қарор дорад, амалҳои зайл мамнуъ аст: Намоз, рӯза, хондани Қуръон ва ба даст гирифтани он, даромадани масҷид, тавофи хонаи Каъба, ҳамхоба шудан бо шавҳар. Аммо зикри Худо гуфтан ва ба Пайғамбар (с) салавот фиристодан дар ин ҳолат боке надорад. Барои зане, ки дар ҳолати ҳайз қарор дорад, мустаҳаб аст, ки дар вақти ҳар намозе вузӯ карда, чанд дақиқа ба зикру тасбеҳу таҳлил машғул шавад, зеро барои ӯ аҷру савоби намоз навишта мешавад. (“Нурул-изоҳ”, с. 48-49; “Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 186)

2017-07-19
3616
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:49
Пешин12:40
Аср17:27
Шом19:26
Хуфтан20:57