Савол № 01391

Оё чидани байни абрӯ ва мӯйҳои пешони барои мард иҷозат аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Оё чидани байни абрӯ ва мӯйҳои пешони барои мард иҷозат аст ё на?. 2 Оё ба никоҳи худ даровардани зане, ки як кӯдак дошта, ҳабдаҳ сол калон аст, бе иҷозати наздикони марду зан иҷозат аст ё на.

Саволдиҳанда: Муаззам

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) чидани мӯйҳои абрӯ ва байни он ба хотири зинат ҷоиз нест, яъне макрӯҳ аст. 2. Издивоҷ бо зани аз худ калонсол ба табъу завқи худи марду зан вобаста аст, синну сол дар издивоҷ аҳаммият надорад. Албатта маслиҳат ва машварати наздикони арӯсшаванда хуб аст, зеро ҳар коре, ки бо машварат анҷом меёбад, аз пушаймонӣ дур аст.

2017-09-23
2901
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39