Савол № 00014

Оё дар ҳолати таҳорат кардан аз бехи дандон хун барояд, таҳоратро мешиканад?

Савол:

Илтимос ба саволи ман ҷавоб диҳед. Оё дар ҳолати таҳорат кардан аз бехи дандон хун барояд, таҳоратро мешиканад?

Ҷавоб:

Хуне, ки аз макони захм мебарояд ва ҷорӣ мешавад (тақрибан ба андозаи ним сантиметр) таҳоратро мешиканад.

وقال عليه الصلاة والسلام  : » الوضوء من كل دم سائل)  «الاختيار لتعليل المختار)

           Паёмбар (с) мефармояд: «Дар ҳар хуни ҷоришаванда таҳорат кардан лозим аст».
Ҳамчунин хуне, ки аз бехи дандон баромада, бо оби даҳон омехта  мешавад ва ранги онро сурх мегардонад, таҳоратро мешиканад.

)» وإذا اختلط الدم بالبصاق إن غلبه نقض ) حكما للغالب« )الاختيار لتعليل المختار)

Яъне: (Ҳарвақто хун бо оби даҳон омехташуда онро сурх гардонад, таҳоратро мешиканад

Саволкунанда: Раҷабалӣ

2015-02-09
5538
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43