Савол № 01407

Оё мард метавонад, ки дар ҳолати таваллуд кардани ҳамсараш ё дар ҳолати қарор доштан дар муҳоҷират шаҳвати худро бо дасташ ором кунад? Агар накунад, ба зинои чашм бисёр машғул мешавад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё мард метавонад, ки дар ҳолати таваллуд кардани ҳамсараш ё дар ҳолати қарор доштан дар муҳоҷират шаҳвати худро бо дасташ ором кунад? Агар накунад, ба зинои чашм бисёр машғул мешавад.

Саволдиҳанда: Абдулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, амали истимно (яъне бо даст баровардани манӣ) макруҳ аст ва Ҳазрати Пайғамбар (с) чунин ашхосро лаънат кардаанд. Илова бар ин, аз нигоҳи тиббӣ низ ба ҷисми инсон зарар дорад. Мусулмон бояд дорои ахлоқи шоиста бошад ва худро аз чунин аъмоли нораво нигоҳ дорад. Барои суст шудани қувваи шаҳват Расули Худо (с) ба рӯза доштан тавсия додаанд. Ин фармудаҳои соҳиби шариатро риоя кунед, дар ҳарду олам саодатманд хоҳед шуд.  

2017-09-08
3623
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39