Савол № 01410

Домулло, шахсе, ки қасами худро шиканад, чӣ бояд кунад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домулло, шахсе, ки қасами худро шиканад, чӣ бояд кунад?

Саволдиҳанда: Анис

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шахсе, ки ба номи Аллоҳ қасам хӯрад ва пас аз он қасамашро шикаст, бояд  даҳ мискинро таом диҳад ва ё либос пӯшонад. Агар тавони ин ду шартро надошт, се рӯз пай дар пай рӯза дорад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 78-79)  

2017-09-08
3260
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср17:59
Шом20:00
Хуфтан21:30