Савол № 01415

Оиди ҳодисаи Мянма чӣ назар доред? Дар ин ҳолат вақте мусулмон кушта мешавад, дигар мусулмонон чӣ кор бояд кунанд?

Савол:

Оиди ҳодисаи Мянма чӣ назар доред? Дар ин ҳолат вақте мусулмон кушта мешавад, дигар мусулмонон чӣ кор бояд кунанд?

Саволдиҳанда: Манучеҳр

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар ин замони пурфитна қиматтарин чиз барои инсоният як пора замини ором аст, то ки дар он зиндагӣ ва ибодати худро осуда анҷом диҳанд. Ҳамагон медонанд, ки имрӯз абарқудратҳо мехоҳанд заминро аз сари нав тақсим кунанд ва ҳадафҳои худро амалӣ намоянд. Аз ин хотир мардумро ба ҳар гурӯҳ тақсим карда, миёни онҳо низоъ ва ҷанг меандозанд, пас бояд бисёр ҳушёр бошем. Албатта барои мусулмонони Мянма ва занону кӯдакони онҳо ҳеҷ фарди мусулмон бетараф буда наметавонад. Мо ҳамагон дар ҳаққи онон дуои хайр мекунем, таърих гувоҳ аст, ки Худованд ҳаққи мазлумро мегирад ва золимро ҷазо медиҳад. Мо бояд дар ҳаққи бародарони мусулмонамон дар ҳар намоз, хусусан дар намозҳои таҳаҷҷуд дуо кунем.

2017-09-20
3476
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39