Савол № 01417
Пас аз вафоти падарам ӯро дар хоб бисёр мебинам. Боре бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз аҳволаш пурсон шудам. Дар посух хуб гуфтанд, вале мӯйҳои сар ва ришашон мисли пахта сафед буд. Таъбираш чист?
Савол:
Ассалому алайкум. Пас аз вафоти падарам ӯро дар хоб бисёр мебинам. Боре бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз аҳволаш пурсон шудам. Дар посух хуб гуфтанд, вале мӯйҳои сар ва ришашон мисли пахта сафед буд. Таъбираш чист? Як ҷаҳон ташаккур домуллои азиз.
Саволдиҳанда: Қобилҷон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоби шумо иншоаллоҳ нек аст ва набояд ошуфтахотир шавед. Вазифаи шумо фақат дуои хайр кардан дар ҳаққи падаратон аст.