Савол № 01434

Ассалому алайкум. Дӯстони ман бо номи Худо бисёр қасам мехӯранд, гуноҳи ин амал чӣ гуна аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Дӯстони ман бо номи Худо бисёр қасам мехӯранд, гуноҳи ин амал чӣ гуна аст?

Саволдиҳанда: Орифҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз шумо ба дӯстонатон бо равиши неку бифҳмонед, ки номи Худо бузург аст ва набояд дар ҳар амали ночизу беарзиш қасамро ба забон овард. Инсони ростқавл ва рострав ба қасам ниёз надорад ва ҳатто дар вақти зарурат низ қасам намехӯрад. Расули Худо (с) аз бисёр қасам хӯрдан ва бар он одам кардан наҳй кардаанд. Шахсе, ки ба номи Аллоҳ қасам хӯрад ва пас аз он қасамашро шикаст, бояд  даҳ мискинро таом диҳад ва ё либос пӯшонад. Агар тавони ин ду шартро надошт, бояд се рӯз пай дар пай рӯза дорад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 78-79)

2017-09-30
3112
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:34
Пешин12:40
Аср17:57
Шом19:55
Хуфтан21:25