Савол № 01447
Сурати одами вафоткардаро дар интернет ворид кардан ё дар телефон сабт намудан мумкин аст?
Савол:
Ассаломуалайкум домулло. Сурати одами вафоткардаро дар интернет ворид кардан ё дар телефон сабт намудан мумкин аст?
Саволдиҳанда: Шуҳрат
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом сурат гирифтан ё нигоҳ доштани сурат макрӯҳ аст, зеро ташбеҳ ба бутпарастон мешавад. Мурдагон ниёз ба дуо доранд, на ба гардондани расмҳояшон, агар хоҳед, ки мурдагон аз шумо хурсанд шаванд, арвоҳашонро бо дуо ва тиловати Қуръон шод гардонед.