Савол № 01450

Агар дуои озахро менавиштед, хеле хуб мешуд.

Савол:

Ассалому алайкум. Агар дуои озахро менавиштед, хеле хуб мешуд.

Саволдиҳанда: Фирдавс

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар шароити имрӯза барои дур кардани озах доруҳои муносиб вуҷуд доранд, хуб мешуд, ки барои муоилиҷаи он ба табиб муроҷиат мекардед. Аммо тариқи муолиҷаи шаръии озах чунин аст, ки сарангушти шаҳодатро бо оби даҳон тар намуда, ба рӯи хоки пок мегузорад, сипас ангушти хоколудашро ба рӯи озах молида, ин дуоро мехонад: «Бисмиллоҳ, турбату арзино бириқати баъзино, юшфо сақимуно биизни Раббино». Умед аст, ки ба изни Парвардигор озах аз вуҷудаш нест мегардад. Тарҷума: Ба номи Худо, ба изни Парвардигори мо бо оби даҳони баъзе аз мо, бемори мо шифо дода мешавад.

2017-10-11
6146
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39