Савол № 01452

Аз Худованди бузург мехоҳам, ки ба ҳама имон диҳад. Касе, ки дар хобаш дар ҳоҷат бошад, таъбираш чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Аз Худованди бузург мехоҳам, ки ба ҳама имон диҳад. Касе, ки дар хобаш дар ҳоҷат бошад, таъбираш чист?

Саволдиҳанда: Парвиз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб эҳтимоли рост ва дурӯғро дорад ва инсон хобҳои гуногун мебинад. Дидани худ дар ҳолати қазои ҳоҷат нишонаи харҷ кардани молро дорад. Фарди мусулмон ҳар гоҳе хоб мебинад, бояд ба ояндаи худ некбин бошад ва аз Худованд хайру офият талаб намояд. 

2017-10-11
2913
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39