Савол № 01464

Лутфан нияти намози қазоиро мегуфтед.

Савол:

Ассалому алайкум. Лутфан нияти намози қазоиро мегуфтед.

Саволдиҳанда: Зикруллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, равиши нияти намозҳои қазоии рӯзҳои гузашта чунин аст: Ният кардам бигузорам аввалин фарзи намози бомдод, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. Агар намози қазоии пешин ё дигар намозҳои панҷгонаро мегузоред, ба ҷои бомдод номи ҳамон намозро зикр кунед. Агар намози қазоии витр мегузоред, чунин ният кунед: Ният кардам бигузорам аввалин намози витр, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.

2017-10-13
4389
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:43
Пешин12:40
Аср17:26
Шом19:31
Хуфтан21:01