Савол № 01466

Оё мондани номҳои Фараҳноз ва Париноз дуруст аст. Маънои ин ду ном чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё мондани номҳои Фараҳноз ва Париноз дуруст аст. Маънои ин ду ном чист?

Саволдиҳанда: Исматулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Фараҳноз аз калимаи “фараҳ” ба маънои шодӣ ва хушҳолӣ ва аз калимаи “ноз” ба маънои ишва ва карашма таркиб ёфтааст. Номи мазкур дуруст аст ва ба усули шариат мухолиф нест. Номи Париноз ҳам аз ду ҷузъи “парӣ” ва “ноз” иборат буда, маънои парӣ зебо ва нозанинро ифода мекунад. Аммо беҳтар аст, ки ба ҷои он номи муносиби дигаре интихоб шавад.

2017-10-13
4500
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39