Савол № 01471
Оё дар ҳолати чил рӯз пурра нашудан ва аз нифос пок будани зан хонадорӣ иҷозат аст ё на? Баъзе ривоятҳо шунидаам, ки баъд аз 20 рӯз иҷозат аст. Дар ҳаққи мо дуогӯ бошед.
Савол:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оё дар ҳолати чил рӯз пурра нашудан ва аз нифос пок будани зан хонадорӣ иҷозат аст ё на? Баъзе ривоятҳо шунидаам, ки баъд аз 20 рӯз иҷозат аст. Дар ҳаққи мо дуогӯ бошед. Худованд илми Шуморо зиёда гардонад.
Саволдиҳанда: Ибодулло
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, муддати бештарини нифос чил рӯз аст, ки пас аз таваллуди фарзанди нахустин зан бояд ин муддатро сипарӣ намояд, аммо ҳадди ақалли он мушаххас нест. Бинобар ин,агар зан дар камтар аз чил рӯз аз нифос пок шуда, ба сипарӣ шудани нифос ва покии худ яқин ҳосил кунад, ҳамбистарии шавҳараш бо ӯ ҷоиз мешавад.